Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати АФОМ-2019 миёни мунтахабҳои олимпии бонувон шуруъ мешавад

Чемпионати АФОМ-2019 миёни мунтахабҳои олимпии бонувон шуруъ мешавад Чемпионати АФОМ-2019 миёни мунтахабҳои олимпии бонувон шуруъ мешавад Чемпионати АФОМ-2019 миёни мунтахабҳои олимпии бонувон шуруъ мешавад

21.11.2019

: 1522

22 ноябр дар Тоҷикистон Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни мунтахабҳои олимпии бонувони то 23-сола оғоз мегардад.

Дар мусобиқа, ки то 28 ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, мунтахабҳои бонувони 6 давлати узви АФОМ – Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.
Ҳамагӣ дар доираи Чемпионати АФОМ-2019 миёни бонувон 15 бозӣ доир мешавад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва дастаи ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда маълум мегардад.
Тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) аввалин бозиашро 22 ноябр муқобили Эрон доир мекунад. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 17:00 оғоз мегардад.

Чемпионати АФОМ-2019 миёни мунтахабҳои олимпии бонувон (U-23)

1-ум давр
22 ноябр (ҷумъа)

14:00. Узбекистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Афғонистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

2-юм давр
23 ноябр (шанбе)

14:00. Эрон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Узбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

3-юм давр
25 ноябр (душанбе)

 14:00. ТОҶИКИСТОН – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Туркманистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

4-ум давр
26 ноябр (сешанбе)

14:00. Узбекистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Туркманистон – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

5-ум давр
28 ноябр (панҷшанбе)

14:00. ТОҶИКИСТОН – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе