Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Масъулони соҳа ихтисосашонро такмил медиҳанд

Масъулони соҳа ихтисосашонро такмил медиҳанд Масъулони соҳа ихтисосашонро такмил медиҳанд Масъулони соҳа ихтисосашонро такмил медиҳанд Масъулони соҳа ихтисосашонро такмил медиҳанд

01.11.2019

: 1065

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар идомаи татбиқи барномаҳои омӯзишӣ ин бор Барномаи устуворӣ дар варзишро амалӣ менамояд.

Дар доираи барнома аз 31 октябр то 20 ноябри соли равон дар шаҳрҳои Бохтар, Бӯстон ва Турсунзода барои масъулони соҳа, аз ҷумлаи намояндагони мактабҳо, клубҳои варзишӣ ва федератсияҳо семинарҳои омӯзишӣ доир мегарданд.
Ба иттилои роҳбари барнома, сармутахассиси Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ҷамолиддин Исматуллозода, мавзӯъҳои барнома хеле шавқовар аст, мисли варзиш ва муҳити зист, идоракунии ташкилоти варзишӣ, масъулияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои байналмилалӣ, федератсияҳои миллӣ, клубҳои варзишӣ, ҳамкории давлат бо соҳаи варзиш, дастгирии варзишгарон, усулҳои ҷалби сарпарастон, ташкили мусобиқаҳо ва ғайра.
Дар рӯзи аввал ба иштирокчиён мудири Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зубайдулло Маҳмадуллоев дар мавзӯи “Варзиш ва муҳити зист” маърӯза хонд. Қайд гардид, Кумитаи байналмилалии олимпӣ муҳити атрофро дар радифи варзиш ва маданият ҷузъи ҷудонашавандаи Олимпизм арзёбӣ менамояд. Соли 1995 дар назди КБО Комиссияи варзиш ва муҳит таъсис дода шуд, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва муҳит машғул аст. Дар робита ба ин, дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ Комиссияи ҳифзи муҳити зист амал менамояд.
КБО мекӯшад, ки Бозиҳои олимпиро дар асоси меъёрҳои муҳити зист ва рушди босубот амалӣ намояд, ҳамчунин фаҳмондадиҳиро оид ба муҳимияти муҳити солим ва рушди босубот дар байни аъзои оилаи олимпӣ ва мутахассисони варзиш амалӣ мекунад. Зимни интихоби мизбони Бозиҳои олимпӣ ҳатман самти муҳити зист ба инобат гирифта мешавад.
Дар рӯзи дуюм роҳбари барнома Ҷамолиддин Исматуллозода аз масъулияти КБО, кумитаҳои миллии олимпӣ, федератсияҳои варзишии байналмилалӣ ва миллӣ, инчунин ҳамкории давлат бо соҳаи варзиш маърӯза хонд. Аз ҷумла, дар самти ҳамкории давлат бо ташкилотҳои варзишӣ гуфта шуд, ки ҳукумати мамлакатҳо дар низоми варзишӣ, рушди сиёсат, таъмини барномаҳо ва маблағгузориҳо нақши асосиро мебозанд. Аз ҷумла, муносибати сиёсатмадорон ба варзиш, нақши бебаҳои варзиш дар сиёсат ва ё чун воситаи сиёсӣ ва дигар омилҳо ба монанди вобастагии варзиш дар мамлакат таъсирашро ба ташкилоти варзишӣ хоҳад расонд. Масалан, агар дар сиёсати ҳукумат арзишҳои варзиш ҳамчун воситаи беҳдошти саломатӣ ва паст бурдани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавнон арзёбӣ гарданд, он гоҳ дастрас намудани маблағҳо барои татбиқи ин хизматрасониҳо осонтар мегардад. Агар муносибатҳо байни ташкилоти варзишӣ ва мақомоти давлатӣ сард бошад, он гоҳ дар тақвияти ташкилоти варзишӣ мушкилиҳо пеш меояд. Устувории давлат ва сиёсатмадорони асосӣ низ ба босуботӣ ва фаъолиятҳои маблағгузорӣ таъсир мерасонад. Аз ин лиҳоз, аҳамияти сиёсати давлат дар омӯзиши тарбияи ҷисмонии кӯдакон нишон медиҳад, ки арзиши варзиш дар ин ё он мамлакат дар кадом андоза мебошад.
Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки Роҳбари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон таваҷҷуҳи махсус доранд ва роҳбарии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба зимма гирифтаанд. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад ва ҳар сол ҳазорон чорабинии варзишӣ доир мегарданд, ки ба солимии ҷомеа, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш нигаронида шудаанд.
Семинар дар шаҳри Бохтар фардо – 2 ноябр – низ идома ёфта, иштирокчиён ба машғулиятҳои амалӣ низ машғул мешаванд.