Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2019

02.11.2019

: 1040

Бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол баргузор ва иштирокчиёни даври финалӣ муайян гардиданд.

Дар бозии ҳалкунанда, мисли соли гузашта, дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода вомехуранд.
Бозии ҷавобии даври нимфинал миёни дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Истиқлол” мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал (5:0) дастаи Душанбе ба пеш баромад. Дар бозии дигар “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ “Хуҷанд”-ро қабул намуд. Вақти асосӣ мисли бозии аввал мусовӣ анҷом ёфт – 1:1. Дар вақти иловагӣ низ мухлисон шоҳиди гол нашуданд. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бошад, бахти футболбозони Турсунзода омад кард – 4:3.
Бозии даври финалии Ҷоми Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” 24 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад.
Агар “Регар-ТадАЗ” дар ин бозӣ пирӯз шавад, пас Тоҷикистонро дар Ҷоми КФО-2020, аз даври интихобӣ, намояндагӣ мекунад. Агар “Истиқлол” ғалаба ба даст оварад, пас дар Ҷоми КФО-2020 барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2019, дастаи “Хуҷанд” ширкат менамояд.