Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КМОТ барои маъмурони соҳаи варзиш 6 давраи омӯзишӣ доир кард

КМОТ барои маъмурони соҳаи варзиш 6 давраи омӯзишӣ доир кард КМОТ барои маъмурони соҳаи варзиш 6 давраи омӯзишӣ доир кард КМОТ барои маъмурони соҳаи варзиш 6 давраи омӯзишӣ доир кард КМОТ барои маъмурони соҳаи варзиш 6 давраи омӯзишӣ доир кард КМОТ барои маъмурони соҳаи варзиш 6 давраи омӯзишӣ доир кард

19.10.2019

: 1272

Соли 2019 дар доираи Барномаи давраҳои омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши Ҳамбастагии олимпӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 6 давраи омӯзишӣ баргузор намуд, ки ба онҳо беш аз 120 нафар ҷалб гардиданд.

Давраҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Норак, Хоруғ, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷалолиддин Балхӣ баргузор гардида, дар онҳо кормандони мактабҳо ва ташкилотҳои варзишӣ ширкат намуданд.
Мутахассисони соҳа аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба иштирокчиёни давраҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, таърихи ҳаракати олимпӣ, Бозиҳои олимпӣ, сохтори Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои варзишӣ, Хартияи олимпӣ, арзишҳои олимпӣ, манфиати варзиш ба шахс ва ҷомеа, малакаи идоракунӣ дар варзиш, ҳалли муноқишаҳо, оқибатҳои бади истифодаи допинг, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ва ғайра маърӯза хонданд.
Директори барнома, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш давраҳои омӯзишӣ ба хотири баланд бардоштани малакаву маҳорат ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи варзиш ҳар сол амалӣ мегарданд. Имсол дар доираи барнома 6 давраи омӯзишӣ барои кормандони соҳаи варзиши ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, доир шуданд.
Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби иштирокчиён хуб қабул гардида, иброз намуданд, ки бисёр чизҳои нав омӯхтанд ва донишашонро мукаммал карданд, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон кӯмакашон хоҳад кард.
Ба ҳамаи иштирокчиёни давраҳои омӯзишӣ сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ супорида шуд.