Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали дуюми Шаҳриёр дар Чемпионати Осиё

19.10.2019

: 1382

Тавре хабар дода будем, 17 октябр дар шаҳри Шаосинги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шуруъ гардид, ки то 20 октябр идома меёбад.

19 октябр варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 25,90 километр сабқат карда, бо натиҷаи 2:18:47.86 сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё гардид. Шаҳриёр бо ин натиҷа дар сатҳи ҷаҳон миёни 20 нафар аз 12 давлати ҷаҳон ҷои 11-умро ишғол кард. Миёни варзишгарони Осиё медали тилло насиби варзишгари мизбон Йонгжуанг Суй бо натиҷаи 2:14:45.36, медали нуқра бошад, насиби варзишгари Ҷопон Такаюкӣ Кокаҷӣ бо натиҷаи 2:15:50.40 шуд.
Медали тиллои Чемпионати ҷаҳонро Мануэл Кампос аз Испания (2:05:31.65) ба даст овард. Варзишгари Чех Яқуб Брезина (2:05:42.04) ҷои дуюм, варзишгари Руссия Кирил Шамшурин (2:05:50.13) мақоми сеюмро ишғол намуданд.  
Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов 17 октябр дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардида буд.