Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Истиқболи гарми футболбозони наврас дар Ватан

Истиқболи гарми футболбозони наврас дар Ватан Истиқболи гарми футболбозони наврас дар Ватан

25.09.2019

: 982

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16), ки бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирифт, соати 2-и имрӯз ба Ватан баргашт. Новобаста ба он ки ними шаб буд, ҳазорон мухлиси футбол барои табрики даста ба фурудгоҳ омада буданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаро роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Дар толори қабули меҳмонони олиқадр футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов қабул карданд. Онҳо тими мунтахаби наврасонро барои иштироки муваффақона дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ва дарёфти роҳхат ба марҳилаи финалӣ шодбош гуфтанд.
Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу дастгириҳои президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи футболи тоҷик рушд намуда, дастоварди футболбозони тоҷик дар чанд соли охир бесобиқа аст.
Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки дар Урдун доир гашт, аз 12 холи имконпазир 12 хол ба даст оварда, ба марҳилаи финалӣ, ки соли оянда дар Баҳрайн доир мешавад, роҳхат гирифтанд.