Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гуштингирони навраси тоҷик дар ЧҶ-2019 ширкат мекунанд

24.09.2019

: 1168

25-28 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон доир мегардад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар чемпионат 464 варзишгар (256 писар, 208 духтар) аз 61 давлат иштирок мекунанд. Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон миёни наврасон дар ҳайати 11 варзишгар – 10 писар, 1 духтар – ба Алмаато сафарбар гардидаанд.
Қувваозмоиҳо аз рӯи 16 категорияи вазнӣ – 8 вазн миёни писарон, 8 вазн миёни духтарон сурат мегирад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвари мо миёни писарон Абдулло Сайфуллоев (вазни -50кг), Сарвар Абдушукуров, Алишер Баротов (-55кг), Фирӯзҷон Мелибойзода (-60кг), Икромҷон Қурбонов (-66кг), Ғаниҷон Ғаниев (-73кг), Озодӣ Носиров, Сунатулло Лоиқов (-81кг), Мансур Раҳмон (-90кг), Иброҳимҷон Элмуродов (+90кг) ва миёни духтарон Аҳлия Муъминова (-52кг) гуштин мегиранд.
Фонди ҷоизавии чемпионат 80 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Варзишгароне, ки ҷои аввалро ишғол мекунанд, 2300 доллар, ҷои дуюм – 1300 доллар ва ду ҷои сеюм 700-долларӣ ҷоизапулӣ мегиранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки миёни варзишгарони мо Ғаниҷон Ғаниев соли равон унвони чемпиони Осиёро сазовор гардида, Мансур Раҳмон ва Аҳлия Муъминова медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст овардаанд.

Барномаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни наврасон
25-28 сентябр. Алмаато, Қазоқистон

25 сентябр (чоршанбе)
Духтарон: -40кг, -44кг; Писарон: -50кг, -55кг

26 сентябр (панҷшанбе)
Духтарон: -48кг, -52кг; Писарон: -60кг, -66кг

27 сентябр (ҷумъа)
Духтарон: -57кг, -63кг; Писарон: -73кг, -81кг

28 сентябр (шанбе)
Духтарон: -70кг, +70кг; Писарон: -90кг, +90кг