Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ноиби Президенти КМОТ бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шуд

Ноиби Президенти КМОТ бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шуд Ноиби Президенти КМОТ бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шуд Ноиби Президенти КМОТ бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шуд Ноиби Президенти КМОТ бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шуд

30.08.2019

: 1221

29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофоти давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими мукофотсупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат ҳамеша қадрдонӣ гардида, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда мешавад.
Соли 2019 барои Тоҷикистони азизамон соли пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иқтисодиёт, иҷтимоиёт, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди маҳал ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба шумор меравад. Ҳоло дар саросари мамлакат корҳои ободкориву созандагӣ босуръат идома доранд.
Хусусан дигаргуниҳои куллие, ки дар пойтахти кишвари азизамон — шаҳри Душанбе ва дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми ватандӯстамон мебошанд.
Ҳамаи ин корҳои ободониву созандагӣ самараи сулҳу ваҳдат, ватандӯстиву худогоҳии халқамон ва заҳмати шабонарӯзии пешсафони арсаи меҳнат, хизматчиёни содиқи Ватан ва сарбозону низомиёни фидокор мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имрӯзаи супоридани мукофоти давлатиро имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои ҳар як мукофотгиранда ба тамоми сокинони мамлакат маънидод намуда, изҳори хушҳолии худро аз дидору суҳбат бо мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, табибон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон дар байни сарфарозшудагон таъкид доштанд.
Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ 160 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I, ордени “Шараф” дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, медали “Хизмати шоиста”, медали “Шафқат”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, унвони фахрии “Шоири халқии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои навбатӣ ва Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” қадрдонӣ шуданд.
Дар миёни сарфарозшудагон бо мукофоти давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов низ буд, ки бо ордени “Шараф” дараҷаи II сарфароз гашт.
Шамсулло Соҳибов давоми фаъолияташ ҳамчун ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон корҳои назаррас анҷом додааст. Бо ташаббуси ӯ Маҷмааи варзишию истироҳатии “Сафеддара” таъмиру азнавсозӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. Ҳамзамон, бинои МҶМОВ оид ба лижаронии кӯҳӣ сохта ба ихтиёри варзишгарон супорида шуд. Дар баробари истироҳаткунандагон барои тамрину омодагии шогирдони мактаб ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба лижаронӣ дар ин маҷмаа шароитҳои мусоид фароҳам омад. Ҳамчунин, солҳои охир лижаронҳои тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона иштирок карда истодаанд.
Бо дастгирии бевоситаи муҳтарам Шамсулло Соҳибов сарпарастии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон амалӣ гардида, бинои кумита бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти зарурии кору фаъолият таъмин гардид. Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои фаъолияти кормандон ва 17 федератсияи варзишӣ шароити зарурии корӣ муҳайё гардидааст. Инчунин, бо маблағгузории ин соҳибкори ватандӯст бори аввал дар ҷумҳурӣ осорхонаи махсуси соҳавии “Шарафи олимпӣ” таъсис ёфт, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон ҷиҳати машғул шудан ба варзиш мусоидат мекунад.
Варзишгарони зиёд бо маблағгузории Шамсулло Соҳибов дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд. Аз аввали соли 2018 варзишгарони маъруфи кишвар Дилшод Назаров ва Беҳрӯз Хоҷазода барои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар Маҷмааи “SPA Ҳаёт”, ки дорои беҳтарин шароит мебошад, ройгон тамрин карда, Беҳрӯз Хоҷазода ҳар моҳ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ аз ҳисоби ин соҳибкори варзишпарвар стипендия дарёфт мекунад. Ду нафар варзишгари намуди лижаронӣ ҷиҳати омодагӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии зимистона-2018 давоми беш аз ду сол бо стипендияи ҳармоҳа дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА таъмин буданд ва ин иқдом аз моҳи ноябри имсол барои омодагӣ ба Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин идома меёбад.
Дар доираи дастгириҳои Шамсулло Соҳибов соли ҷорӣ МҶМОВ оид ба намудҳои таеквондо бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин, мисли татамӣ, либоси махсуси таеквондо таъмин гардид. Соли гузашта бошад, дар натиҷаи мулоқоту вохӯриҳои ӯ бо ташкилотҳои байналмилаливу қитъавӣ Кумитаи миллии олимпӣ дар ҳаҷми 250 000 доллар грант дарёфт кард, ки бо ин маблағ таҷҳизоту либосҳои варзишӣ харидорӣ ва ба варзишгарону федератсияҳо ва мактабҳои варзишӣ ройгон тақдим карда шуд.
Бо роҳбарии Шамсулло Соҳибов “Кӯли Душанбе” азнавсозӣ ва бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Баъд аз тармим кӯл ба парки обӣ табдил ёфт ва сокинону меҳмонони пойтахт имкон доранд ба варзишҳои обӣ, мисли мавҷбозӣ, шиноварӣ, велосипедронӣ ва дав машғул шаванд.
Дар доираи фаъолиятҳояш дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе Осорхонаи мардумшиносӣ, дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Дӯстӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи мумумӣ сохта ба истифода дода шуда, аҳолии деҳаи мазкур бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Дар доираи чунин қадрдонӣ чемпионаи Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ Зебунисо Рустамова ва Мавзуна Чориева номаҳои табрикии худро унвонии ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Кормандони соҳаи варзиш бори дигар барои дастгириҳояш нисбат ба соҳаи варзиш ба Шамсулло Соҳибов изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ӯро барои қадрдонӣ гардиданаш бо унвони баланди давлатӣ – ордени “Шараф” дараҷаи II муборакбод мегӯянд.