Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Кӯли Душанбе” ба истифода дода шуд

“Кӯли Душанбе” ба истифода дода шуд “Кӯли Душанбе” ба истифода дода шуд “Кӯли Душанбе” ба истифода дода шуд “Кӯли Душанбе” ба истифода дода шуд “Кӯли Душанбе” ба истифода дода шуд

30.08.2019

: 533

30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии “Кӯли Душанбе”-ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити истироҳат дар “Кӯли Душанбе”, аз ҷумла мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кӯл ва дигар иншооти варзишию фароғатӣ шинос шуданд.
Барои ин тадбир дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Пешвои миллат ҳанӯз ду сол қабл иқдом пеш гирифта шуда буд. 9 ноябри соли 2017 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои навсозии “Кӯли Варзоб” ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуда, барои сохтмони Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии “Кӯли Душанбе” санги асос гузоштанд.
Масоҳати Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии “Кӯли Душанбе” пеш аз навсозӣ 13 гектарро ташкил медод. Бо васеъ намудани ҳудуди марказ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истироҳатӣ масоҳати он ба 17 гектар расонида шуд.
Дарвозаи даромадгоҳи “Кӯли Душанбе” бо нақшу нигор ва услуби хоса ороиш дода шуда, ҳудуди он бо панҷараҳои ороишӣ иҳота карда шудааст. Пайроҳаҳо бо тахтасангҳо рӯйпӯш карда шуда, дохил ва атрофи кӯл дар майдони қариб 3 гектар сабзазор гардидааст ва дар ҳудуди он дарахту буттаҳои хоси иқлими ҷанубу шарқӣ шинонида шудаанд.
Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи ҷумҳурӣ хизмат расонад.
Дар ҳудуди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хоса сохта шудааст. Бинои якум аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум хазина, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос, хонаҳои дастшӯӣ ва утоқҳои кории маъмурият ҷойгир шудаанд. Ошёнаи дуюм аз толори маҷлис ва ҳуҷраҳо барои истироҳат иборат аст.
Дар саҳни ҳавлӣ ду фаввораи рақсон бо истифода аз мусиқиҳои ҷаззоб ва тасвирҳои рангоранг қомат афрохта, ҳамзамон шаршара бо истифода аз сангҳои азимҷусса сохта шудааст.
Дар қисми шимолу шарқи кӯл бинои якошёна қомат афрохта, дар он тарабхона ва қаҳвахона ҷойгиранд, ки дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни ҳавлӣ дорад. Ғайр аз ин, дар ин бино ҳуҷраҳои иҷораи катамаран, флейборд ва гидросикл ҷойгир мебошанд.
Обанбори “Кӯли Душанбе” масоҳати 6,5 гектарро дар бар гирифта, ба он оби софи равон ворид мешавад ва сифати он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар қисми шимолии соҳил ҷой барои оббозӣ, ки бо тӯр ҷудо шудааст, дар қисмати шарқӣ ҷой барои истироҳату фароғати гурӯҳиву оилавӣ бо катҳои алоҳида ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо ҳуҷра барои ивази либос таъмин гардида, дар онҳо имконияти дастрасии мустақим ба соҳили кӯл фароҳам аст.
Соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, рӯйпӯш гардида, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад.
Дар баробари ин барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ барои ҷаҳидан ба об сохта шуда, онҳо метавонанд аз катамаранҳо, флейборд ва гидросиклҳо истифода баранд. Дар гирди кӯл дар масофаи 2000 метр пайроҳа барои давидан ва велосипедронӣ ташкил шуда, дар ҷойи махсус таваққуфгоҳи велосипедҳо сохта шудааст. Велосипедҳои дучарха ва чорчарха барои истифода дар ҳудуди кӯл пешкаши сокинону меҳмонон гардидааст.
Дар қисми шимолу ғарби марказ боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 намуди ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, дарандаҳо, парандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.
Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии “Кӯли Душанбе”-ро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад. Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ —  ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад. Ҳавзҳо дорои системаи махсуси поккунии об буда, тавассути насосҳои филтркунанда вазъи санитарии об пурра таъмин мегардад.
Дар парки обӣ зиёда аз 16 намуди аттраксионҳои обӣ, монанди спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер васл карда шудаанд, ки бори аввал аз Туркия вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.
Баъди шиносоии пурра бо Маркази истироҳатию фароғатии “Кӯли Душанбе” Сарвари давлат, муҳарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба соҳибкорон барои дастгирии ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро намунаи ибрати шоиста номиданд.
Бояд гуфт, ки чунин иншоот, ки аз ҷониби Пешвои миллат барои бунёдашон тадбирандешӣ мегардад, барои рушди соҳаҳои туризм ва варзиши ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим доранд.