Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шиноварони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд

Шиноварони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд Шиноварони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд

19.08.2019

: 1263

20-25 август шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон мизбони 7-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ миёни ҷавонон мебошад.

Дар чемпионат иштироки ҳудуди 1000 шиновари ҷавони синнашон 15-18 (бонувон), 14-17 (мардҳо) аз 107 давлат дар назар аст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 3 варзишгари умедбахш, шогирдони Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ – Садам Рамзиёрзода, Ардашер Гадоев ва Нурангез Нурматова бо роҳбарии сармураббии дастаи мнутахаби наврасони кишвар оид ба шиноварӣ Аҳмадҷон Умаров ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон 18 август ба Маҷористон сафарбар гардиданд.
Варзишгарон аз рӯи 42 қувваозмоӣ миёни мардҳо ва бонувон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош менамоянд. Ҳамаи мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии “Дуна Арена”, ки ду ҳавзи мутобиқ ба стандарти Бозиҳои олимпӣ дорад, мегузарад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ миёни ҷавонон бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) бори аввал соли 2006 дар Рио де Жанейрои Бразил доир гашт. Баъдан соли 2008 Монтеррей (Мексика), 2011 Лима (Перу), 2013 Дубай (АМА), 2015 Сингапур ва 2017 Индиана (ШМА) мизбони чемпионат буданд.