Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Натиҷаҳои даври 12-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019

19.08.2019

: 983

Рӯзҳои истироҳати гузашта бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. КМВА “Помир” пирӯзии навбатиашро ҷашн гирифту бозии “Истиқлол” бо “Куктош” мусовӣ анҷом ёфт.

Бозии марказии давр миёни дастаҳои “Истиқлол” – “Куктош” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бе гол (0:0) ба анҷом расид.
Дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода футболбозони тими “Регар-ТадАЗ” ба дарвозаи “Панҷшер” 2 голи беҷавоб заданд. Ҳар ду голро Нозим Бобоҷонов ба номаш сабт кард.
Дастаи КМВА “Помир” зери роҳбарии мутахассиси украинӣ Сергей Житский бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, ба ҷои шашуми ҷадвали чемпионат баромад. Ҳисобро хуҷандиҳо тавассути голи задаи Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 28-ум кушоданд. Дар дақиқаи 70-ум нимҳимоятгари тими артиш Шервонӣ Мабатшоев ҳисобро баробар кард. Ду дақиқа то анҷоми вақти асосии бозӣ Шодибек Ғаффоров тӯбро вориди дарвозаи “Хуҷанд” карда, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Дар бозии охирини даври дувоздаҳум “Хатлон” дар сафар бар дастаи “Истаравшан” пирӯз шуд. Се холро ба тими шаҳри Бохтар Аҳтам Ҳамроқулов ва Наимҷон Иброҳимзода оварданд.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии 12 давр фарқият миёни пешсафи чемпионат “Истиқлол” ва ҷои дуюми ҷадвал “Хуҷанд” 12 холро ташкил медиҳад. Ба “Истиқлол” аз 9 бозии боқимонда 5 ғалаба зарур аст, ки бори ҳаштум унвони чемпиониро ба даст биёрад.
Бозиҳои даври навбатӣ 24 август доир мегарданд. Дар даври сенздаҳум “Истиқлол” бо “Хатлон”, “Истаравшан” бо “Хуҷанд”, “Панҷшер” бо КМВА “Помир” ва “Куктош” бо “Регар-ТадАЗ” вомехуранд. Оғози бозиҳо - соати 17:00.

   ДАСТАҲО   Б      Ғ       М      Б      Т/Т        Х    
 1   "Истиқлол" (Душанбе)      12  10  2  0  33-7  32
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  12  6  2  4  22-12  10
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  12  5  4  3  15-12  19
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)     12  4  4  4  16-16  16
 5  "Хатлон" (Бохтар)  12  4  3  5  13-15  15
 6  КМВА "Помир" (Душанбе)  12  3  3  6  10-18  12
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)  12  3  2  7  10-18  11
 8  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)     12  2  2  8  8-29  8