Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати CAFA (U-19): тақдири медали тилло дар даври ниҳоӣ ҳал мешавад

Чемпионати CAFA (U-19): тақдири медали тилло дар даври ниҳоӣ ҳал мешавад Чемпионати CAFA (U-19): тақдири медали тилло дар даври ниҳоӣ ҳал мешавад

14.08.2019

: 1072

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бозии навбатиашро дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, анҷом дод.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар даври чоруми чемпионат бо тими ҷавонони Узбекистон мусовӣ (2:2) бозӣ карданд. Голҳоро дар ҳайати тими ҷавонони мо Амадонӣ Камолов ва Рустам Соиров заданд.
Дар бозии дигари давр мунтахаби ҷавонони Эрон бар Афғонистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Пас аз натиҷагирии чор давр Эрон бо 9 хол ба ҷои аввали ҷадвал баромад. Тоҷикистон бо 7 хол дар ҷои дуюм мебошад.
Акнун ғолиби Чемпионати CAFA (U-19) дар даври охир маълум мегардад. Барои ба даст овардани медалҳои тилло мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар бозӣ муқобили тими Эрон ғалаба кунад. Ин вохурӣ 15 август дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Оғози бозӣ – соати 20:00. Қабл аз ин, соати 17:00 дастаҳои Туркманистон ва Узбекистон муқобили ҳам вориди майдон мешаванд.