Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати CAFA (U-19): Пирӯзии Тоҷикистон бар Афғонистон дар даври сеюм

13.08.2019

: 991

Шоми 12 август дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 19-сола баргузор шуд. Ин навбат дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Афғонистон пирӯз гашт.

Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бар тими ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Ислом Зоиров (дар дақиқаи 8-ум), Шаҳром Самиев (36) ва Абдулмуъмин Забиров (68) заданд.
Дар бозии дигари давр Эрон ба дарвозаи тими Туркманистон 4 голи беҷавоб зад.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони ҷавони кишвар дар даври дуюм бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба карда буд.
Дар даври чорум имрӯз – 13 август – Эрон бо Афғонистон (соати 17:00), Тоҷикистон бо Узбекистон (20:00) вомехуранд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷавонони (U-19) Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Афғонистон ва Туркманистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.