Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпиони Осиё Фирӯз Мирзораҷабов ба фатҳи ҷаҳон рафт

01.08.2019

: 1085

Се варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни наврасон иштирок мекунанд.

29 июл дар шаҳри Софиаи Булғория Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон оғоз шуд, ки то 4 август идома меёбад. Дар се рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар равияи гуштини тарзи озод баргузор шуд. 31 июл рақобатҳо миёни духтарон доир гардид, ки фардо ба анҷом мерасад. Се рӯзи охир, ҳамчунин қувваозмоиҳои равияи гуштини юнонӣ-римӣ доир мегардад, ки се варзишгари тоҷик иштирок мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи гуштини Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг, Шероз Очилов дар вазни 65кг ва Ҷаъфарҷон Зафарзода дар вазни 71кг ба Булғория сафарбар гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Фирӯз аввали моҳи июл дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон доир гашт, ба гирифтани медали тилло ва Шероз ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфта буданд.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни наврасон 231 варзишгар аз 41 давлат иштирок мекунанд.