Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон - чемпиони CAFA-2019

Тоҷикистон - чемпиони CAFA-2019 Тоҷикистон - чемпиони CAFA-2019 Тоҷикистон - чемпиони CAFA-2019 Тоҷикистон - чемпиони CAFA-2019

02.08.2019

: 1238

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии даври ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар тими Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ғолиби мусобиқа шуд.

Бозӣ шоми 1 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Голи ягонаро Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба ҳадаф расонд. Дар бозиҳои дигари даври панҷум Узбекистон ба дарвозаи Туркманистон 4 голи беҷавоб, Эрон ба дарвозаи Қирғизистон 5 голи беҷавоб заданд.
Ҳамин тариқ, тими наврасони Тоҷикистон бо ба даст овардани 13 хол ғолиби Чемпионати CAFA-2019 (U-16) шуд. Ҷои дуюмро бо 10 хол футболбозони Узбекистон ва мақоми сеюмро бо 9 хол футболбозони Эрон ба даст оварданд.
Тими наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар чор даври қаблӣ бо Узбекистон мусовӣ (1:1) бозӣ карда, бар дастаҳои Қирғизистон (2:0), Туркманистон (3:0) ва Эрон (3:0) пирӯз шуд.
Баъд аз бозии Тоҷикистон ва Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ҷоизасупории мусобиқа доир гашт. Ба ҳайати дастаи Эрон медалҳои биринҷӣ, ба тими Узбекистон медалҳои нуқра ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон медалҳои тилло ва ҷом тақдим шуд.
Ҳамлавари тими мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадворис Сайдалиев беҳтарин бозингари чемпионат, футболбози дастаи Афғонистон Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ беҳтарин нишонзан эътироф шуданд.