Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусовии дуюми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Саудӣ

30.07.2019

: 1146

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар шаҳри Таиф бо тими ҷавонони Арабистони Саудӣ ду бозии рафиқона анҷом дод.

Ҳар ду бозӣ бо ҳисоби якхелаи 1:1 анҷом ёфт. Агар голи тими Тоҷикистонро дар бозии аввал Шарифбек Раҳматов зада бошад, дар бозии дуюм голро дар ҳайати тими ҷавонони мо Абдулмуъмин Забиров ба номаш сабт кард.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои рафиқона бо Арабистони Саудӣ барои тими ҷавонони Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҳарифони тими ҷавонони кишвар дар мусобиқоти интихобӣ дар як гурӯҳ тимҳои ҷавонони Сурия, Лубнон ва Малдив мебошанд.
Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат мегиранд.

Бозиҳои рафиқона
Арабистони Саудӣ (U-18) – ТОҶИКИСТОН (U-18) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Шарифбек Раҳматов.
26 июл. Таиф, Арабистони Саудӣ.

Арабистони Саудӣ (U-18) – ТОҶИКИСТОН (U-18) – 1:1
Голи Тоҷикистон: Абдулмуъмин Забиров.
29 июл. Таиф, Арабистони Саудӣ.