Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

231 медали варзишгарон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ дар шаш моҳ

30.07.2019

: 1145

Варзишгарони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2019 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 231 медал (108 тилло, 16 нуқра, 105 биринҷӣ) гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 медал зиёд мебошад.

Ин нукта имрӯз – 30 июл – зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шуд. Раиси Кумита Абдуллозода Аҳтам бо хушнудӣ иброз дошт, ки аз ҷумла шумораи медалҳои намудҳои олимпии варзиш дар шаш моҳ ба 134 адад (51 тилло, 9 нуқра, 74 биринҷӣ) мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 67 медал зиёд аст.
Аҳтам Абдуллозода дар мавриди омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, аз ҷумла иброз дошт, ки миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 5 федератсияи варзишӣ нақшаҳои омодагии сеҷониба ба имзо расидааст ва варзишгарон дар асоси он ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва литсензионӣ сафарбар мегарданд. Хусусан дар давраи ҳисоботӣ барои муаррифии кишвари азизамон 284 варзишгар (24 бону) ба 65 мусобиқаи сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ сафарбар гардиданд.
- Ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 6446 чорабинии варзишӣ, аз қабили чемпионатҳои ҷумҳурӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, дохилимактабӣ, оммавӣ-солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид, ки ба онҳо 1290043 нафар (304672 бону) фаро гирифта шуд, - афзуд А. Абдуллозода.
Дар идома гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 17 нафар бо унвони “Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 63 нафар бо унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 5 нафар бо унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ”, 2 нафар бо унвони “Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 4 нафар бо унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.