Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шероз Очилов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд

Шероз Очилов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд Шероз Очилов дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд

05.07.2019

: 1227

Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон – ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Шероз Очилов сазовори медали биринҷӣ шуд.

Шероз дар вазни 71 килои гуштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд, баъдан бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Шероз сипас дар рақобат барои ҷои сеюм варзишгари ҷопониро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Эрон, як медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Узбекистон шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кило ба унвони чемпиони Осиё даст ёфт.
Бо ҳамин қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ ба анҷом расид. 6-7 июл қувваозмоиҳои гуштини тарзи озод доир мегарданд, ки варзишгарони мо дар шаш вазн нерӯ месанҷанд.
Дар чемпионат 308 варзишгар аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гуштингирони навраси қора дар намудҳои гуштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гуштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.