Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Фирӯз – чемпиони Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ

Фирӯз – чемпиони Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ Фирӯз – чемпиони Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ

04.07.2019

: 1375

Фирӯз Мирзораҷабов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон, ки дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нурсултон – оғоз шуд, сазовори медали тилло гардид.

Фирӯз дар вазни 55 килои гуштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд, сипас бар варзишгарони Туркманистон ва Қазоқистон пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар финал варзишгари узбекистониро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Ду ҷои сеюмро дар ин вазн варзишгарони Қазоқистон ва Ҳиндустон ишғол намуданд.
Дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифт, ки варзишгарони мо дар 4 вазн гуштин гирифтанд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд.
Фардо қувваозмоиҳо дар се вазни боқимондаи гуштини юнонӣ-римӣ (65, 71, 80) идома меёбанд. Дар ҳар се вазн гуштингирони навраси тоҷик ширкат хоҳанд кард.
Дар чемпионат 308 варзишгар аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гуштингирони навраси қора дар намудҳои гуштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гуштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Ҷумҳурии моро дар чемпионат, ки то 7 июл идома меёбад, 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд.