Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳайати тими миллии кишвар дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019»

28.06.2019

: 986

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Усмон Тошев ҳайати бозингаронро барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавӣ - «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон эълон кард.

Дар мусобиқа, ки аз 7 то 19 июл дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 22 бозингар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - иштирок мекунад.
Тими миллии кишвар омодагиро ба мусобиқаи мазкур 1 июл дар Душанбе оғоз мекунад ва 4 июл ба Ҳиндустон сафарбар мегардад. Бозии нахустини миллипӯшони тоҷик муқобили дастаи мизбон – Ҳиндустон сурат мегирад. Ин дидор 7 июл баргузор мешавад. 10 июн дар даври дуюм шогирдони Усмон Тошев муқобили ҶХД Корея вориди майдон мешаванд. Бозии ниҳоии дастаи мунтахаби мо бо тими миллии Сурия 15 июл доир мегардад.
Мусобиқаи Ҷоми байниминтақавӣ-2019 дар Ҳиндустон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва ҳар даста бо ҳамдигар якбозиӣ анҷом медиҳанд. Ду дастаи беҳтарин 19 июл дар финал вомехуранд.
Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавӣ-2019 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи дигарӣ омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳи сентябр оғоз мешавад, маҳсуб меёбад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019»:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (ҳама – «Истиқлол»), Алишер Баротов («Хатлон»), Сиёвуш Асроров («ПКНП», Малайзия);
Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Отабек Каримов, Илхомҷон Баротов («Истаравшан»), Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлаварон: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов («Истиқлол»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Аҳмадобод

1-ум давр
7 июл (якшанбе)
Ҳиндустон – ТОҶИКИСТОН

8 июл (душанбе)
Сурия – ҶХД Корея

2-юм давр
10 июл (чоршанбе)
ТОҶИКИСТОН – Сурия

13 июл (шанбе)
Ҳиндустон – ҶХД Корея

3-юм давр
15 июл (душанбе)
ҶХД Корея – ТОҶИКИСТОН

16 июл (сешанбе)
Ҳиндустон – Сурия

Финал
19 июл (ҷумъа)

Эзоҳ: оғози ҳамаи бозиҳо - соати 19:30 бо вақти Душанбе