Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳарифони “Соро компания” дар Чемпионати Осиё маълум шуд

28.06.2019

: 970

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими қуръакашии Чемпионати футзали Осиё байни клубҳо баргузор шуд.

Дар асоси қуръакашӣ 16 дастаи беҳтарини қора ба чор гурӯҳ тақсим шуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз қаҳрамони феълии лигаи касбии футзали кишвар дастаи "Соро компания" намояндагӣ мекунад, ки ба гурӯҳи "С" шомил шуд. Ҳарифони тими футзали Душанбе дар гурӯҳ тимҳои "Бонки Бейрут" (Лубнон), "Вамос Матарам" (Индонезия) ва "Донишгоҳи Виктория" (Мйанма) мебошанд.
Чемпионати футзали Осиё миёни клубҳо аз 7 то 17-уми август дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мешавад.
Дастаи "Соро компания" нахустин бор дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкат менамояд. Дастаҳои футзали мамлакат баромадро дар ин мусобиқа соли 2017 шуруъ кардаанд. Бори аввал дастаи футзали "Диси Инвест" ва соли гузашта тими футзали "Сипар" иштирокчии Чемпионати Осиё буданд, вале аз гурӯҳ набаромаданд.