Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Курси омӯзишии мураббиёни варзиши қайиқронӣ ҷамъбаст гардид

Курси омӯзишии мураббиёни варзиши қайиқронӣ ҷамъбаст гардид Курси омӯзишии мураббиёни варзиши қайиқронӣ ҷамъбаст гардид Курси омӯзишии мураббиёни варзиши қайиқронӣ ҷамъбаст гардид Курси омӯзишии мураббиёни варзиши қайиқронӣ ҷамъбаст гардид Курси омӯзишии мураббиёни варзиши қайиқронӣ ҷамъбаст гардид

16.06.2019

: 986

Дар шаҳри Душанбе курси омӯзишӣ-техникии Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни намуди қайиқронӣ, ки 10 июн оғоз гардида буд, ҷамъбаст шуд.

Дар машғулиятҳои назариявию техникии коршиноси сатҳи байналмилалӣ аз Булғория – лектори Ҳамбастагии олимпӣ Аднан Алиев 22 мураббии ҷавон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе донишҳои худро доир ба техникаву қоидаҳои Федератсияи байналмилалии қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ такмил доданд ва дар анҷом соҳиби сертификати дараҷаи “А”-и Кумитаи байналмилалии олимпӣ гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти курс котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Назарзода Ризо, коршиноси сатҳи байналмилалӣ Аднан Алиев, раиси Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарифов ширкат карданд.
Дар маросим қайд гардид, намуди қайиқронӣ дар ҷумҳурии мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хеле рушд карда буд ва аввалин иштирокчии Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон дар соли 1960 қайиқрон Иброҳим Ҳасанов мебошад. Баъдан дастпарвари И. Ҳасанов Юрий Лобанов соли 1972 ба унвони чемпиони Бозиҳои олимпӣ даст ёфт ва соли 1980 ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ гардид.
Хушбахтона, солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва талоши федератсия ин намуди варзиш эҳё гардида, умед дорем, ки қайиқронҳои ҷавони мо дар давраи соҳибистиқлолӣ бори аввал роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст меоранд.
Аднан Алиев зимни суханронӣ қайд кард, ки барои машғул шудан ба қайиқронӣ дар Тоҷикистон ҳамаи шароит мавҷуд аст ва танҳо варзишгарон бояд аз он истифода баранд ва барои расидан ба қуллаи мурод талош кунанд. Умед кард, ки мураббиёни ҷавон, ки давоми ҳафта аз машғулиятҳои омӯзишӣ баҳравар шуданд, дар оянда варзишгарони бомаҳорат омода мекунанд, ки парчамбардори Ватан дар арсаи байналмилалӣ мегарданд.