Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими ҷавонони кишвар оид ба футзал иштирокаш дар ЧО-2019-ро ҷамъбаст кард

15.06.2019

: 986

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал (U-20) баъд аз ду бохти пайиҳам дар Чемпионати Осиё-2019 дар Эрон, аз идомаи мусобиқот канор монд.

Шогирдони Эраҷ Носеҳов дар даври аввал аз тими Ҷопон бо ҳисоби 1:3 ва дар даври дуюм аз тими Ветнам бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардиданд.
Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “С”, новобаста ба натиҷаи бозии даври сеюм, дастаҳои Ҷопон ва Ветнам ба даври чорякфинал роҳ ёфтанд. Аз гурӯҳи “D” бошад, Ироқ ва Индонезия дар чорякфинал бозӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ Тайпейи Чин аз идомаи мусобиқот маҳрум гардид.
Дар Чемпионати Осиё-2019 оид ба футзал миёни ҷавонони то 20-сола 12 даста дар чор гурӯҳ бо ҳам рақобат доранд. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чорякфинал мебароянд ва муборизаро барои ҷойҳои ифтихорӣ идома медиҳанд.