Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қатар мизбонии аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳонро бар уҳда гирифт

15.06.2019

: 910

Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) 14 июн эълон кард, ки Бозиҳои соҳилии ҷаҳон-2019-ро Кумитаи олимпии Қатар ташкил мекунад. Қатар дорои маконҳои диданӣ ва ҷаззоби соҳили уқёнус буда, барои пешниҳоди беҳтарин шароит ба кумитаҳои олимпӣ ва варзишгарон омода аст.

Аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳон таҳти сарпарастии ANOC бояд дар Сан Диегои ШМА баргузор мешуд, вале чанде пеш мақомоти штати Калифорния иқрор шуд, ки барои баргузории чорабинӣ маблағи заруриро ҷамъ оварда натавонист.
Барномаи бозиҳо иваз намешвад, фақат рӯзҳои баргузории бозиҳо 12-16 октябр муайян гардид, на 10-15 октябр, ки қаблан эълон шуда буд.
Қатар, инчунин мизбони Ассамблеяи генералии ANOC хоҳад буд, ки пас аз бозиҳо – 17-18 октябр ба нақша гирифта шудааст. Намояндагони кумитаҳои миллии олимпӣ ҷиҳати иштирок дар Ассамблеяи генералӣ рӯзи оғози бозиҳо даъват карда мешаванд, то дар аввалин Бозиҳои соҳилӣ ширкат намоянд.
Ба барномаи Бозиҳои соҳилии ҷаҳон-2019 14 намуди варзиш (16 равия) ворид карда шудааст – триатлон (акватлон), баскетбол (баскетбол 3х3), шӯхпаймоии варзишӣ (боулдеринг), ҳандбол (ҳандболи соҳилӣ), каратэ (ката, инфиродӣ), заврақронӣ (китфол, сабқат), скейтбозӣ (дар парк), футбол (футболи соҳилӣ), мавҷбозӣ (тахтаи кӯтоҳ, тахтаи дароз), шиноварӣ (тарзи озод, 5км), теннис (дар соҳил), волейбол (дар соҳил 4х4), скейтбозӣ дар об (ҷаҳиш, фейкборд), гуштин (дар соҳил). Дар бозиҳо иштироки варзишгарони беш аз 90 давлати ҷаҳон дар назар аст.