Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Пешвои миллат: ғолибони даври аввал дар ВКД маълум шуданд

Ҷоми Пешвои миллат: ғолибони даври аввал дар ВКД маълум шуданд Ҷоми Пешвои миллат: ғолибони даври аввал дар ВКД маълум шуданд

15.06.2019

: 1022

Даври аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 12 июн дар толори Маҷмаии варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» миёни кормандони воҳидҳои Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид.

Дар мусобиқа 130 нафар дар ҳайати 20 даста дар се синну сол - байни наврасони то 14-сола (писарон ва духтарон), ҷавонони то 30-сола (писарон ва духтарон) ва калонсолон аз 30-сола боло (мардон ва занон) иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавии чорабинии варзишӣ муовини аввали раиси ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров, намояндагони дигар раёсату идораҳои дахлдор суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот бо ҷалби доираи васеи варзишгарону ҳавасмандон бори нахуст баргузор мешавад ва чор марҳиларо дар бар мегирад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст. Даври якум бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вазорату ташкилоту муассисаҳо баргузор мегардад.
Ҳамин тариқ, пас аз рақобатҳои шадид, ки рафти онро доварони шинохтаи ҷумҳурӣ назорат мекарданд, ғолибони мусобиқа муайян шуданд. Дар байни наврасон варзишгарони дастаи «Динамо» Ҷалолиддини Илҳомӣ (миёни писарон), Сабрина Абророва (миёни духтарон) бо соҳиб гардидани зинаи аввал ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.
Дар сабқат миёни ҷавонон Манучеҳр Собиров аз дастаи Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД (писарон) ва миёни ҷавондухтарон Ширин Ризозода аз Академияи ВКД ғолиб шуданд.
Дар байни калонсолон ғолибиятро миёни мардҳо Саъдулло Холмадзода - корманди Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус, миёни бонувон бошад, Адолат Бухоризода аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ сазовор гардиданд.
Мусобиқа дастаи мунтахаби Вазорати корҳои дохилиро барои иштирок дар даври дуюм дар ҳайати 6 нафар, ки аз 8 июл то 10 август дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо доир мегардад, муайян намуд.