Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии наврасони Тоҷикистон бар Уммон

23.04.2019

: 2149

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии аввали рафиқона бар дастаи наврасони Уммон ғалаба кард.

Вохурии дастаҳо 22 апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардида, бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расид. Голҳоро Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 28-ум ва Меҳрубони Абдурауф дар дақиқаи 90-ум заданд.
25 апрел дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Уммон боз як бозии санҷишӣ доир мекунанд. Ин дидор низ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 18:00.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ мебинад.