Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Куктош” бо “Истиқлол” мусовӣ бозӣ кард

23.04.2019

: 912

Дастаи футболи “Куктош” дар бозии хонагӣ бо тими “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон мусовӣ (2:2) бозӣ кард.

Бозии охири даври сеюм 22 апрел дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд. Дар ҳайати тими мизбон легионери узбекистонӣ Муҳиддин Олимов ду гол зад. Голҳои “Истиқлол”-ро Шаҳром Саидов ва Фатҳулло Фатҳуллоев (аз пеналтӣ) ба номашон навиштанд.
Баъд аз натиҷагирии даври сеюм “Истиқлол” бо 7 хол дар садри ҷадвал боқӣ монд. “Регар-ТадАЗ” ва “Панҷшер” бо 6-холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм мавқеъ доранд.
Бозии навбатии лигаи олии Тоҷикистон 25, 26, 27 апрел баргузор мешаванд. 25 апрел “Хуҷанд” дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-ро қабул мекунад. 26 апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе “Истиқлол” муқобили “Истаравшан” ба майдон мебарояд. Ду бозии дигар 27 апрел миёни дастаҳои КМВА “Помир” – “Хатлон”, “Куктош” – “Панҷшер” сурат мегирад.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ

   ДАСТАҲО   Б   Ғ   М   Б   Т/Т   Х 
 1  "Истиқлол" (Душанбе)   3  2  1  0  9/4  7
 2  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)   3  2  0  1  5/4  6
 3  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)   3  2  0  1  3/2  6
 4  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  3  1  1  1  3/3  4
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  3  1  1  1  4/5  4
 6  "Истаравшан" (Истаравшан)  3  2  0  1  4/5  3
 7  "Хатлон" (Бохтар)  3  1  0  2  3/5  3
 8  КМВА "Помир" (Душанбе)  3  0  1  2  1/4  1