Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баҳори ҷавонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ

Баҳори ҷавонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ Баҳори ҷавонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ Баҳори ҷавонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ Баҳори ҷавонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ

18.03.2019

: 1083

18 март дар деҳаи Навободи шаҳри Ҳисор ҷавонон ва варзишгарон ҷашни наврӯзӣ оростанд.

Ҷашни имсолаи ҷавонону варзишгарон таҳти унвони “Баҳори ҷавонӣ, Наврӯзи ҷаҳонӣ” бо иштироки намояндагони ҷавонон ва варзишгарони кишвар доир гардид.
Меҳмононро бо роҳбарии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам дар ҷашнгоҳ сокинони шаҳри Ҳисор бо гулҳои баҳорӣ пешвоз гирифтанд. Ҷавонону варзишгарон бо роҳнамоии раиси шаҳри Ҳисор Ҷумъазода Шарифҷон бо хӯрокҳои миллии баҳорӣ, мисли суманак, оши бурида, далда, ки ба намоиш гузошта шуда буд ва намоиши намудҳои миллии варзиш ошно гаштанд.
Ҳозиринро раиси шаҳри Ҳисор Ҷумъазода Шарифҷон ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфтанд.
Қайд гардид, ки иди аҷдодии Наврӯз бо дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шукуҳу шаҳомати тоза касб мекунад ва дар пайравӣ ба Пешвои миллат ҷавонону варзишгарон чанд сол боз Наврӯзи байналмилалиро дар фазои орому осоиштаи диёр ҷашн мегиранд.
Дар идома барномаи фарҳангии санъаткорон пешкаши ҳозирин карда шуд.