Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧҶ-2019 миёни ҷавонон (U-17) дар Бразил баргузор мешавад

18.03.2019

: 908

Шӯрои Ассостсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол (FIFA), ки дар Майамӣ гузашт, Бразилро ба ҳайси мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасони то 17-сола интихоб кард.

Қаблан ба нақша гирифта шуда буд, ки чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасон дар Перу баргузор мешавад. Вале Комиссияи FIFA 22 феврал ҳангоми боздид аз макони баргузории мусобиқот ва вохурӣ бо Федератсияи футболи ин кишвар камбудиҳои зиёдеро дар омодагии иншоот ва масъалаҳои ташкилӣ ошкор кард. Дар натиҷа қарор қабул карда шуд, ки чемпионат дар дигар кишвар доир гардад.

Ёдрас менамоем, ки тими ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия медалҳои нуқра ба даст оварда, соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2019 гардиданд.
Феълан аз 24 даста, ки бояд дар чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил иштирок кунанд, номи 6 даста муайян шудааст: Бразил (кишвари мизбон), Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ (аз қораи Осиё) ва Зеландияи Нав (аз Уқёнус). 18 дастаи дигар дар натиҷаи мусобиқаҳои интихобии чор қитъа – Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, Амрикои Ҷанубӣ, Аврупо – муайян мегардад.