Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар АМА

Пирӯзии мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар АМА Пирӯзии мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар АМА

09.03.2019

: 1278

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бар тими олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб дар якум бозии рафиқона, ки шоми 8 март доир гашт, ғалаба кард.

Бозӣ дар варзишгоҳи “Мактум Бин Рашид Ал-Мактум”-и Дубай баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими олимпии мо хотима ёфт. Голро ҳамлавари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев дар дақиқаи 18 ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 77 дарвозабони дастаи Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев зарбаи пеналтиро дар иҷрои ҳариф гардонд.
11 март дастаҳо боз як бозии санҷишӣ баргузор мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади машқӣ дар Дубай барои тими олимпии Тоҷикистон охирин марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 маҳсуб мешавад. Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “F”, ки 22-26 март дар Тошканд доир мешавад, мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои Ҳиндустон (24 март) ва Узбекистон (26 март) бозӣ мекунад.

Бозиҳои рафиқона

 АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 0:1
Гол: Шериддин Бобоев, 18.
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров (Шервонӣ Мабатшоев, 87), Муҳаммадҷон Раҳимов (Отабек Каримов, 66), Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Амирҷон Сафаров, 90).
8 март. Дубай. Варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум». 50 мухлис.

11 марта (душанбе)
Оғоз – 18:40 бо вақти Душанбе
АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23)
Дубай, варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум»