Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Темур Раҳимов дар Гран Прии Марокаш соҳиби медали биринҷӣ шуд

Темур Раҳимов дар Гран Прии Марокаш соҳиби медали биринҷӣ шуд Темур Раҳимов дар Гран Прии Марокаш соҳиби медали биринҷӣ шуд Темур Раҳимов дар Гран Прии Марокаш соҳиби медали биринҷӣ шуд

11.03.2019

: 1732

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар Гран Прии Марокаш оид ба дзюдо, дар вазни +100кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Мусобиқа 8-10 март дар Марокаш баргузор шуда, дар он 440 варзишгар (258 мард, 182 зан), аз ҷумла 3 варзишгари тоҷик ширкат карданд.
Темур қувваозоиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар варзишгари Нидерландия Ҷур Спикерс ғалаба кард, вале дар даври сеюм аз паҳлавони Олмон Свен Ҳенлӣ, ки ғолиби вазни +100кг гардид, шикаст хурд. Темур Раҳимов баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш бар намояндаи Тунис Файсал Ҷаббуллоҳ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Руминия Владут Симионеску пирӯз гардид.
Ду варзишгари дигари мо - Хоҷазода Беҳрӯз (вазни -73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.