Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Президент оид ба теннис оғоз шуд

24.08.2018

: 1078

Шоми  дирӯз, 23 август дар Қасри тенниси тобистона маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба  теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ширкат карда, зимни суханронӣ ба иштирокчиён барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар мусобиқа, ки маротибаи нуҳум баргузор мешавад, варзишгарон аз кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Қазоқистон, Покистон, Россия, Узбекистон, Украина, ШМА ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Рақобатҳо аз 23 то 27 август дар Қасри тенниси тобистона воқеъ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ сурат мегиранд. Ғолибони ҷои аввал миёни духтарон ва писарон 10 000 сомонӣ, ҷои дуюм 8 000 сомонӣ ва ҷои сеюм 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳанд кард.