Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: Натиҷаи мусобиқаҳои 23 август бо иштироки варзишгарони тоҷик

24.08.2018

: 1530

23 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия мусобиқаҳо оид ба камонварӣ, гимнастика, бадминтон, бейсбол, баскетбол, волейболи соҳилӣ, бовлинг, қартабозӣ (бридҷ), қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (слалом), велосипедронӣ, аспсаворӣ, шамшербозӣ, футбол, голф, ҳандбол, чавгонбозӣ, ҷетски, кабадди, парашутсаворӣ, пенсак силат, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шӯхпаймоӣ, скваш, шиноварӣ, таеквондо, теннис, волейбол, вазнбардорӣ ва ушу доир гардиданд.

Варзишгарони мо дар намудҳои камонварӣ, шиноварӣ ва вазнбардорӣ иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд.
Дар намуди камонварӣ, қувваозмоии инфиродӣ миёни бонувон дар даври 32/1-финал Фирӯза Зубайдова бар намояндаи Бутан бо ҳисоби 7:3, Зуҳро Тағоева бар намояндаи Бангладеш бо ҳисоби 6:2 ғалаба карданд, вале дар даври 16/1-финал мутаносибан аз варзишгарон Тайпей ва Ҷопон бо ҳисоби якхелаи 6:0 мағлуб шуданд.
Дар шиноварӣ Алиҷон Хайруллоев дар масофаи 50 метр баттерфляй дар гурӯҳи худ ҷои чорум, Климик Карина дар масофаи 50 метр брасс дар гурӯҳи худ ҷои дуюм, Алиҷон Хайруллоев ва Рамзиёр Хоркашев дар масофаи 100 метр ба таври озод ҷойҳои 2-юму чорумро ишғол карданд, аммо ба даври финалӣ роҳ наёфтанд.
Дар намуди вазнбардорӣ дар вазни 77 кг ягона варзишгари мо Илҳомҷон Шукуров бо 248 кило миёни 20 нафар ҷои 16-умро ишғол кард.