Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тими мунтахаби кишвар оид ба варзиши сабук ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои Осиё муайян шуд

Тими мунтахаби кишвар оид ба варзиши сабук ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои Осиё муайян шуд Тими мунтахаби кишвар оид ба варзиши сабук ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои Осиё муайян шуд

24.07.2018

: 1330

Тавре хабар додем, аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мегардад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби кишварро дар бозиҳои мазкур бароятон муаррифӣ хоҳад кард. Қаблан бо тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол шинос шудед. Инак, варзишгарони зерин кишвари моро дар намуди варзиши сабук муаррифӣ мекунанд:

Назаров Дилшод (гурзандозӣ);
Мӯсоев Абдурауф (гурзандозӣ);
Пронженко Кристина (дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа);
Дерипаскин Григорий (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр);
Атабаев Даврон (дав ба масофаи 400 метр);
Исматов Одилшоҳ (дав ба масофаи 800 метр).

Мусобиқа оид ба варзиши сабук 25 август дар шаҳри Ҷакарта оғоз мегардад ва то 30 август идома меёбад. Варзишгарони мо пеш аз мусобиқа дар шаҳри Тошканд ба ҷамъомади 15-рӯзаи тамринӣ фаро гирифта мешаванд ва аз он ҷо 22 август ба Ҷакарта парвоз мекунанд.
Мусобиқаи варзиши сабук аз рӯи 24 қувваозмоӣ миёни мардон ва занон доир мегардад, ки варзишгарони мо дар 6 намуди он ширкат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари маъруфи кишвар, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров 3 карат (2006-Доҳа, 2010-Гуанжоу, 2014-Инчон) ғолиби Бозиҳои Осиё мебошад.