Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бонувони футболбози кишвар дар ҳайати 18 нафар ба Палембанг мераванд

Бонувони футболбози кишвар дар ҳайати 18 нафар ба Палембанг мераванд Бонувони футболбози кишвар дар ҳайати 18 нафар ба Палембанг мераванд

24.07.2018

: 1369

Тавре хабар доред, аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мегардад.

Варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими варзишӣ омодагӣ мебинанд ва аввалин шуда, ҳайати тими мунтахаби футболи бонувон муайян гардид. Футболбозбонувони кишвар дар ҳайати 18 нафар ба бозиҳо сафарбар мегарданд. Онҳоро ду мураббӣ ва як табиб ҳамроҳӣ менамоянд.
Мусобиқаи футбол миёни бонувон 16 август дар шаҳри Палембанг оғоз мегардад. 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош мекунанд. Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Ҳонг Конг ва Чин вомехӯрад. Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякфинал роҳ меёбанд. Бозии финалӣ 30 август баргузор мешавад.
Бозиҳои гурӯҳии мусобиқаи футболи бонувон дар гурӯҳи “В”:
17 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)
Кореяи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН

20 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)
ТОҶИКИСТОН - Чин

22 август. Соати 16:30 (вақти Душанбе)
Ҳонг Конг - ТОҶИКИСТОН

Ҳайати тими мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол ҷиҳати иштирок дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё:

Дарвозабонҳо:  
Саидова Сайёра (“Динамо”, Душанбе)
Комилова Адолатхон (“Бохтар”, Бохтар)
Шукронаи Азимзода (“Норак”, Норак)

Ҳимоятгарон:
Хоҷаева Шукрона (“Динамо”, Душанбе)
Бобоева Шаҳноза (“Бохтар”, Бохтар)
Мирзоева Нодира (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Файзуллоева Марҷона (“Ласточка”, Душанбе)
Олимова Насиба (“Норак”, Норак)
Саидова Саҳина (“Дӯстӣ”, Дӯстӣ)

Нимҳимоятгарон:
Мирзоева Муниса (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Холназарова Сайрамҷон (“Бохтар”, Бохтар)
Сотникова Наталия (“Ласточка”, Душанбе)
Шукронаи Ҷумъахон (“Ласточка”, Душанбе)
Сафарова Мавҷуда (“Бохтар”, Бохтар)
Ҳалимова Лайло (“Бохтар”, Бохтар)

Ҳамлагарон:
Фозилова Мадина (“Ласточка”, Душанбе)
Сафарова Зулайхо (“Регар-ТадАЗ”, Турсунзода)
Худодова Некубахт (“Динамо”, Душанбе)

Сармураббӣ: Латипов Қаноат
Мураббӣ: Раҳимов Нодир
Табиб: Ҳиматова Фотима