Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз шуд

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз шуд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз шуд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз шуд

21.06.2018

: 1291

Имрӯз – 21 июн - дар маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Хуҷанд аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ шурӯъ шуд.

Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ роҳандозӣ шуда, дар он варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раҷаббой Аҳмадзода – раиси вилояти Суғд, Абдуллозода Муҳаммадшо – котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба иштирокчиён барор хостанд.
Мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ аз рӯи 16 қувваозмоӣ муддати 3 рӯз миёни мардону бонувон идома меёбад.

21 июн:
- 50 метр, батерфляй (мардону бонувон)
- 100 метр, озод (мардону бонувон)
- 50 метр, брасс (мардону бонувон)
- 400 метр, озод (мардону бонувон)
- 200 метр, пуштнокӣ (мардону бонувон)
- 4х100 эстафета, озод (мардону бонувон)

22 июн:
- 50 метр, пуштнокӣ (мардону бонувон)
- 200 метр, озод (мардону бонувон)
- 100 метр, батерфляй (мардону бонувон)
- 100 метр, брасс (мардону бонувон)
- 800 метр, озод (мардону бонувон)
- 4х100 метр эстафета, озод (омехта)

23 июн:
- 50 метр, озод (мардону бонувон)
- 200 метр, хазидан (крол) (мардону бонувон)
- 100 метр, озод (мардону бонувон)
- 200 метр, брасс (мардону бонувон)