Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Варзиши сабук: Варзишгарони мо дар Бишкек 8 медал ба даст оварданд

19.06.2018

: 1256

16-17 июни соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мусобиқаи анъанавӣ оид ба варзиши сабук ба ифтихори қаҳрамони олимпӣ Татяна Колпакова баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори 8 медал гардиданд.

Рақобатҳо дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов маротибаи 21-ум доир гашт. Дар он 320 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд.
Ба иттилои Ғайрат Неъматов, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон варзишгарони мо дар ин мусобиқа 3 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Кристина Пронженко дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр бо монеа миёни занон (1.00,08), Григорий Дерепаскин дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр миёни мардон медали тилло ба гардан овехтанд. Тими мардонаи варзиши сабуки кишвар дар ҳайати Атабоев Даврон, Григорий Дерепаскин, Алишер Пулотов, Исломҷон Холиқов дар эстафетаи 4х400 (3.20,01) ҷои аввалро ишғол кард.
Медалҳои нуқраро Кристина Пронженко дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр миёни занон (55,02) ва тими занонаи кишвар дар ҳайати Кристина Пронженко, Меҳрангез Назарова, Нодира Мирзоева, Гулсунбӣ Шарифова дар эстафетаи 4х400 (4.11,97) сазовор шуданд.
Одилшоҳ Исматов дар қувваозмоии дав ба масофаи 800 метр миёни мардон (1.51,88), Алишер Пулотов дар дав ба масофаи 400 метр бо монеа миёни мардон (54,11) ва тими мардон дар ҳайати Фавориз Музрапов, Григорий Дерепаскин, Илдар Ахмадиев, Даврон Атабоев дар эстафетаи 4х100 метр (42,14) соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.  
Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Ҷоми кушоди Узбекистон оид ба варзиши сабук, ки 9-10 июн дар шаҳри Тошканд доир гашт, сазовори 12 медал (3 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ) шуда буданд.