Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Русҳо ва узбекистониҳо - ғолибони “Tajikistan Open”

12.05.2018

: 1283

Мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” оид ба теннис бо пирӯзии теннсибозони рус ва узбекистонӣ ба поён расид.

Мусобиқа 5-11 майи соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарони 15 кишвар доир шуд. “Tajikistan Open” бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамдастӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон бори дуюм доир гардид.
Дар рақобатҳои ҷуфтӣ миёни духтарон намояндагони Русия Кубанова Алена ва Шаронова София ғолиб омаданд. Ҷои аввалро дар рақобатҳои ҷуфтӣ миёни писарон варзишгарони рус Никита Ланин ва Денис Илюхин ба даст оварданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни духтарон теннисбоззани узбекистонӣ Севил Юлдошева пирӯз шуд. Миёни писарон низ теннисбози узбекистонӣ Трякшин Марк ғолиб омад.