Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

4 медали гуштинигирони наврас дар Чемпионати Осиё

14.05.2018

: 1453

10-13 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ва тарзи озод баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори 4 медал шуданд.

Дар қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ аз ҷумҳурии мо 6 варзишгар иштирок карда, 3 медал ба даст оварданд. Асламҷон Азизов дар вазни 45 кг сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари мизбон Ҳусанхон Юсуфхонов ва варзишгари Ҷопон Дайго Сакамото пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Дар ин давр аз варзишгари Эрон Амирризо Деҳбозоргӣ, ки медали тиллои вазни 45 кг-ро сазовор шуд, мағлуб гашт. Сипас, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари туркман Арсланбек Закирбаев ғолиб омад.
Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 51 кг медали нуқра ба даст овард. Фирӯз рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, нахуст бар варзишгари туркман Тоҳир Шодиев, баъдан бар намояндаи Ҳиндустон Лайшрам Мейтей ғалаба карда, ба финал баромад. Дар финал аз варзишгари Ҷопон Ватару Сасакӣ шикаст хурд.
Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни -71 кг низ сазовори медали нуқра шуд. Ӯ низ қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, нахуст бар варзишгари ҳинд Дипак Дипак, баъдан бар варзишгари Эрон Масъуд Алӣ Акбар Ғафӣ пирӯз шуда, ба финал баромад. Дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Ҷопон Шу Ямада мағлуб гашт.
Дар намуди гуштини тарзи озод ҷумҳурии моро 8 варзишгар намояндагӣ карда, як медал ба даст оварданд. Раҳмонҷон Маҳмадбеков дар вазни 110 кг медали биринҷиро ба гардан овехт. Ӯ дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари ҳинд Кумар Анирудҳ шикаст хурда, дар қувваозмоии гузариш варзишгари Сурия Умар Саремро шикаст дод. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Ислом Тоҳиров ғалаба кард.
Дар ин чемпионат варзишгарони навраси қитъаи Осиё дар намуди гуштини юнонӣ-римӣ 5 роҳхат, дар намуди тарзи озод 5 роҳхат ва дар гуштини занона 10 роҳхат ба Бозиҳои олимпии наврасонро, ки моҳи октябри имсол дар Буэнос Айреси Аргентина доир мешавад, ба даст оварданд. Тибқи низомнома танҳо ғолибон имкони ба даст овардани роҳхатро доштанд. Мутаассифона, варзишгарони мо аз роҳхати олимпӣ бенасиб монданд.