Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВАРЗИШГАРОН БО ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

24.04.2021

Количество просмотров: 229

Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ба варзишгарони беҳтарини соли 2020 тақдим карда шуд.

Соли 2020 4 варзишгар аз рӯи намуди гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ меъёрҳоро барои ба даст овардани Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ иҷро карданд.

Ҳамин тариқ, гуштингирон Муҳаммад Икромов ва Ҳикматтуло Воҳидов барои ба даст овардани медали нуқра дар Чемпионати Осиё-2020 ҳар кадом бо 50 000 сомонӣ (10000 ба мураббӣ) сарфароз гардиданд. Искандари Рустам ва Мубинҷон Ахмедов, ки дар ин чемпионат медали биринҷӣ ба даст оварданд, ҳар кадом соҳиби 25 000 сомонӣ (5 000 сомонӣ ба мураббӣ) шуданд.

Ёдрас менамоем, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 18-24 феврал дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуда буд.

Бо сабаби пандемияи COVID-19 ва маҳдудият сафар ба хориҷа, аз моҳи марти соли 2020 тамоми мусобиқаҳо ё барҳам хурданд ё ба вақти дигар гузаронида шуданд, аз ҷумла Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки мебоист тобистони соли гузашта дар Токио баргузор мегашт, имсол аз 23 июл то 8 август доир хоҳад шуд.

9 январи соли 2015 бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, хусусан Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, Универсиадаи ҷаҳонӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё Фармони Президенти ҷумҳурӣ дар бораи "Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ" ба тасвиб расид. Солҳои 2015-2020 ба 165 варзишгар ва мураббиёни онҳо ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ дар ҳаҷми умумии 3942500 сомонӣ тақдим карда шуд.

Шумораи барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар солҳои 2015-2020

2015 - 21 варзишгар (22 ҷоиза) аз рӯи 7 намуди варзиш
2016 - 14 варзишгар (15 ҷоиза) аз рӯи 6 намуди варзиш
2017 - 24 варзишгар (25 ҷоиза) аз рӯи 7 намуди варзиш
2018 - 69 варзишгар (43 ҷоиза) аз рӯи 11 намуди варзиш
2019 – 36 варзишгар (40 ҷоиза) аз рӯи 10 намуди варзиш
2020 - 4 варзишгар (4 ҷоиза) аз рӯи 1 намуди варзиш