Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР “KAZAN GRAND SLAM 2021” ШИРКАТ МЕКУНАНД

03.05.2021

Количество просмотров: 168

5-7 май дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мусобиқаи навбатии ҷудо – Гранд Слам баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар ширкат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар Гранд Слами Қазон ҷумҳурии моро паҳлавонони шинохта Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду вазни -60кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.

Тавре Федератсияи байналмилалии ҷудо иттилоъ додааст, ҷиҳати иштирок дар мусобиқа 420 варзишгар (252 мард, 168 зан) аз 83 давлати дунё номнавис шудаанд.

Мусобиқа 5 май бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. 6-уми май варзишгарон дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон гуштин мегиранд. Мусобиқа бо нерӯсанҷии варзишгарон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон анҷом меёбад.

Ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим карда мешавад: ҷои якум – 5000 доллар, ҷои дуюм – 3000 доллар, ду ҷои сеюм – 1500-долларӣ.