Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: ИСТГОҲИ НАВБАТӢ ТОШКАНД

01.03.2021

Количество просмотров: 226

5-7 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2021» баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа иштироки 521 варзишгар (307 мард, 214 зан) аз 73 давлат дар назар аст.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 14 варзишгар ба Тошканд сафарбар мегарданд: Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев (–66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (-81кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (-90 кг), Саидҷалол Саидов, Раҳмон Мансур (-100 кг), Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) миёни мардон ва Шоҳида Қаландарова (-63кг) миёни бонувон.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 5 март - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66 кг миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дуюм – 6 март - паҳлавонони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқа ба ҷуз аз медал соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизапулӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Варзишгарон то моҳи июни имсол имкон доранд, ки бо иштирок дар мусобиқаҳо хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намоянд. Федератсияи байналмилалии ҷудо 28 июн радабандии ниҳоии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафари беҳтарин дар ҳар вазн соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Феълан мавқеи варзишгарони мо дар радабандии олимпӣ ба таври зайл аст:



Хотиррасон мекунем, ки Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.