Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САМБОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ҶОМИ ҶАҲОН ИШТИРОК МЕКУНАНД

04.03.2021

Количество просмотров: 255

25-26 март дар шаҳри Москваи Руссия Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад, ки дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат мекунад.

Ҷоми ҷаҳон, ки ба хотираи асосгузори самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев гузаронида мешавад, яке аз сабқатҳои пурнуфуз буда, чемпионати ҷаҳони ғайрирасмӣ номида мешавад.

Ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ба Москва сафарбар мегарданд: Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс.

Соли 2020 ин мусобиқа ба далели пандемияи Covid-19 дар охири сол баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Қувваозмоиҳо аз рӯи категорияҳои вазнии зерин сурат мегирад:

Самбо варзишӣ (мардҳо) – 58кг, 64кг, 71кг, 79кг, 88кг, 98кг, +98кг;

Самбои варзишӣ (бонувон) – 50кг, 54кг, 59кг, 65кг, 72кг, 80кг, +80кг;

Самбои размӣ (мардҳо) – 58кг, 64кг, 71кг, 79кг, 88кг, 98кг, +98кг.