Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН МОҲИ МАЙ ДУ БОЗИИ ДӮСТОНА ДОИР МЕКУНАД

16.04.2021

Количество просмотров: 118

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои миллии Ҷопон ва Мянма мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи май бо дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тайланд бозиҳои дӯстона доир менамояд.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Тоҷикистон 24-уми май дар Варзишгоҳи байналмилалии Басраи Ироқ баргузор мешавад. Бозии шогирдони Усмон Тошев муқобили мунтахаби футболи Тайланд бошад, 29-уми май дар Дубай (АМА) сурат мегирад.

Ёдрас менамоем, ки дар ду даври боқимондаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) вомехурад. Бозиҳои марказонидашудаи гурӯҳи “F” дар Ҷопон доир мегарданд.