Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРҲИЛАИ АВВАЛИ ПРЕМЕР ЛИГАИ КАРАТЭ ДАР РАБОТ БА ТАЪХИР АФТОД

09.03.2021

Количество просмотров: 168

Марҳилаи аввали Премер-лигаи каратэ дар Работ (Марокаш) ба таъхир гузошта шуд ва варзишгарон дар мусобиқаи Лиссабон имкон доранд холҳои олимпӣ ба даст оваранд.

Пойтахти Марокаш бояд мусобиқаро моҳи апрели соли равон баргузор мекард, аммо бинобар сабаби вазъи тандурустии ҷаҳонӣ акнун он 29-31 октябр ба нақша гирифта шуд ва ҳеҷ нақше дар интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Токио надорад.

Федератсияи ҷаҳонии каратэ-до тасдиқ кард, ки марҳилаи 1-и премер-лига дар Лиссабон (Португал) ба ҷои мусобиқаи Работ интихобии олимпӣ хоҳад буд. Мусобиқа дар Лиссабон аз 30 апрел то 2 майи 2021 ба нақша гирифта шудааст, аммо қабл аз он премер-лига 12 март дар Истанбул шуруъ мешавад.

Мусобиқа дар Работ бояд охирин сабқати премер-лигаи каратэ мебуд, ки варзишгарон холҳои олимпӣ ба даст меоварданд.

Акнун мусобиқа дар Португал ҳамчун охирин мусобиқаи интихобии олимпӣ маҳсуб меёбад. Охири моҳи май радабндии ҷаҳонӣ ҷамъбаст ва 4 варзишгари беҳтарин дар ҳар категория ба Олимпиадаи Токио роҳхат мегиранд.

Мусобиқа дар Лиссабон, чемпионати Аврупо ва мусобиқаи интихобӣ дар Париж се мусобиқаи боқимондаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпӣ ҳастанд.

Чемпионати Аврупо оид ба каратэ 19-23 май дар Поречи Хорватия ва мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Париж 11-13 июн ба нақша гирифта шудаанд.

Марҳилаҳои премер-лигаи каратэ дар Маскав ва Мадрид соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус барҳам дода шуда буданд.