Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: ПИРӮЗИИ “ХУҶАНД”, БОХТИ “РАВШАН” ДАР ДАВРИ ПАНҶУМ

03.05.2021

Количество просмотров: 152

Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

“Хуҷанд” дар майдони худ ба дарвозаи тими “Куктош” 4 голи беҷавоб зад. Ғалабаи хонагии хуҷандиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодӯстов имконпазир шуд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” – КМВА мусовӣ анҷом ёфт – 1:1. Суннатулло Исмоилов дар дақиқаи 67 бохтариҳоро ба пеш баровард, вале Комрони Мирзохон аз тими артиш баъди 6 дақиқа ҳисобро баробар кард.

Дастаи “Душанбе” дар як бозии пуршиддат бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Бозингари тими “Равшан” Алишер Эргашев дар дақиқаи 12-ум тӯбро вориди дарвозаи дастааш карда, ҳисобро кушод. Кӯлобиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммад Ризомов дар дақиқаи 29 ва Аваз Қамчинов дар дақиқаи 51 ба пеш баромаданд, вале ин ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Бозингарони “Душанбе” Иззатулло Рӯзиев ду гол, Амир Манеш як гол зада, пирӯзии “шаҳриҳо”-ро таъмин намуданд.

Ниҳоят, дар бозии охирини даври панҷум “Истаравшан” дар сафар бар дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-и Хуҷанд ғолиб омад – 2:3. Голҳои “Истравшан”-ро Ҷаҳонгир Сафаров, Отабек Каримов, Фирӯз Раҳматов, голҳои “Эсхата”-ро бошад, Акобир Тураев ва Мубинҷон Муъминов ба номашон сабт карданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо, дар ҷадвали мусобиқа “Хуҷанд” бо 10 хол пешсаф аст. “Файзканд” бо ҳашт хол дар ҷои дуюм, “Истаравшан” бо 7 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

ҶОЙ  ДАСТАҲО Б      Ғ     М     Б     Т     Т     ФТ    Х     
1. "ХУҶАНД" (ХУҶАНД)                                         5      3     1 1 11 3 +8 10
2. "ФАЙЗКАНД" (ВОСЕЪ) 4 2 2 0 4 1 +3 8
3. "ИСТАРАВШАН" (ИСТАРАВШАН) 4 2 1 1 4 3 +1 7
4. "ДУШАНБЕ" (ДУШАНБЕ) 4 2 0 2 7 9 -2 6
5. "КУКТОШ" (РӮДАКИ) 4 2 0 2 4 8 -4 6
6. "ЭСХАТА" (ХУҶАНД) 5 1 2 2 8 8 0 5
7. "РАВШАН" (КӮЛОБ) 5 1 2 2 4 6 -2 5
8. КМВА (ДУШАНБЕ) 5 1 1 3 5 8 -3 4
9. "ХАТЛОН" (БОХТАР) 4 0 3 1 3 4 -1 3
10. "ИСТИҚЛОЛ" (ДУШАНБЕ) 0 0 0 0 0 0 0 0