Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАР ГУЛИСТОН МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ ЛФТ ДОИР МЕШАВАД

03.03.2021

Количество просмотров: 168

Бо мақсади омодагии клубҳои лигаи олӣ ба мавсими нави футбол аз 9 то 19 март дар шаҳри Гулистон 3-юм Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) доир мешавад.

Дар мусобиқаи пеш аз мавсим, ки дар майдонҳои осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, 9 клуби лигаи олӣ – “Хуҷанд”, “Эсхата” (ҳар ду аз Хуҷанд), “Истаравшан” (Истаравшан), КМВА, “Душанбе-83” (ҳар ду аз Душанбе), “Куктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Равшан” (Кӯлоб), «Файзканд» (Восеъ), инчунин ҳайати ҷавонони тими “Истиқлол”-и пойтахт ширкат мекунанд.

Ҳамаи хароҷоти клубҳои футбол дар мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футбол ва ЛФТ пардохт мешавад.

Дар доираи мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ЛФТ клубҳои лигаи олӣ имкон доранд ҷамъомади машқӣ-таълимӣ гузаронанд. ЛФТ ҳамчунин баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст: семинарҳо барои футболбозон, мураббиён, роҳбарони дастаҳо, ҳамчунин табибони дастаҳо.

Ёдрас мекунем, ки мусобиқа барои Ҷоми ЛФТ аз соли 2019 баргузор мешавад. Аввалин барандаи ҷом дастаи КМВА-и Душанбе гашт, соли гузашта бошад, ҷом насиби дастаи “Истаравшан” шуд.