Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС АЗ ДЕҲЛӢ БА ДУБАЙ КӮЧОНИДА ШУД

28.04.2021

Количество просмотров: 184

Чемпионати қарибулвуқуи Осиё оид ба бокс на дар Деҳлии Ҳиндустон, балки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Чемпионат 21 май оғоз ва то 1 июн идома меёбад.

Роҳбарияти Конфедератсияи бокси Осиё вазъиятро дар робита ба пандемияи коронавирус дар Ҳиндустон зери назар дошт, ки ахиран рӯз ба рӯз бадтар мегардад. Бо ин сабаб тасмим гирифта шуд, ки чорабинӣ дар Дубай гузаронида шавад.

“Маъмурияти Конфедератсияи бокси Осиё ва роҳбарияти созмон омодаанд ба ҳар дастае, ки дар бақайдгирӣ ва ҳар масъалаи дигар ба дастгирӣ ниёз доранд, кӯмак кунад” – омадааст дар изҳороти ин созмон.

Қоидаву шароитҳои иштирок дар чемпионат ҳамон тавре ҳаст, ки дар роҳнамои ҳайати дастаҳо, ки аввали моҳи март ба федератсияҳои миллӣ дастрас шуда буд, зикр гардидааст. Муштзанҳое, ки давоми солҳои 1980 то 2002 таваллуд шудаанд, метавонанд дар чемпионат ширкат намоянд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс аз рӯи 10 категорияи вазнӣ миёни бонувон: (48кг; 51кг; 54кг; 57кг; 60кг; 64кг; 69кг; 75кг; 81кг; +81кг) ва 10 категорияи вазнӣ миёни мардон: (49кг; 52кг; 56кг; 60кг; 64кг; 69кг; 75кг; 81кг; 91кг; +91кг) сурат мегирад.

Ба иттилои Федератсияи дӯстдорони бокси Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё-2021 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар номнавис шудаанд:

Бонувон
-51кг – Сумайя Қосимова
-51кг – Руҳафзо Ҳақназарова
-57кг – Миҷгона Самадова
-60кг – Шоира Зулқайнарова
-69кг – Нилуфар Бобоёрова

Мардон
-52кг – Иззатулло Алиев
-56кг – Бахтовар Сагизов
-60кг – Сомон Ҳабибов
-64кг – Баҳодур Усмонов
-69кг – Саидикром Амонов
-75кг – Мирзомуҳаммад Бахтиёр
-81кг – Шаббос Негматуллоев
-91кг – Ҷасур Қурбонов
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров

Онҳоро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев, Парвиз Ахмедов ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи 2021 баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.