Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ИЮНИИ ТИМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶОПОН ДОИР МЕШАВАД

13.03.2021

Количество просмотров: 257

Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони бозиҳои марказонидашудаи марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро эълон кард, ки аз 31 май то 15 июн баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад, моҳи июн бо мунтахабҳои Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) дар Ҷопон вомехурад.

Қабл аз он 25 март тими мунтахаби Тоҷикистон дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2022 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мунтахаби Муғулистонро қабул мекунад. Дидори дастаҳо соати 18:00 оғоз меёбад.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2019 дар гурӯҳи “F”-и марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2022 панҷ бозӣ анҷом додааст. Дар даври аввал 5 сентябри соли 2019 мунтахаби футболи мо бар дастаи Қиирғизистон ва дар даври дуюм бар тими Муғулистон бо ҳисоби якхели 1:0 ғалаба кард. Тими миллии мо 15 октябри 2019 дар даври чорум аз дастаи мунтахаби Ҷопон (0:3) ва 14 ноябри 2019 дар даври панҷум аз тими Мянмар (3:4) мағлуб гардида, 19 ноябри 2019 дар даври шашум бозиро бо мунтахаби Қирғизистон мусовӣ (1:1) анҷом дод.

Дар гурӯҳ тими Ҷопон бо 12 хол дар мақоми аввал аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки 7-холӣ доранд, мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор гирифтаанд. Мянмар бо 6 хол дар ҷои чорум, Муғулистон бо 3 хол дар ҷои панҷум мавқеъ доранд.

Бо сабаби вазъи тандурустӣ дар ҷаҳон дар робита ба пандемияи COVID-19 бозиҳо соли 2020 баргузор нашуданд. Акнун Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус бозиҳои даврҳои охирро ба таври мутамарказ доир намояд.

Мизбонони бозиҳои марказонидашудаи марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2022:

Гурӯҳи A: Чин.
Гурӯҳи B: Кувайт.
Гурӯҳи C: Баҳрайн.
Гурӯҳи D: Арабистони Саудӣ.
Гурӯҳи E: Қатар.
Гурӯҳи F: Ҷопон.
Гурӯҳи G: АМА.
Гурӯҳи H: Кореяи Ҷанубӣ.