Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАРРАСИИ НАҚШАИ СТРАТЕГИИ КМОТ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯ

БАРРАСИИ НАҚШАИ СТРАТЕГИИ КМОТ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯ БАРРАСИИ НАҚШАИ СТРАТЕГИИ КМОТ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯ

30.04.2021

Количество просмотров: 154

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки 30 апрел баргузор шуд, Нақшаи стратегии КМОТ барои солҳои 2021-2024 муҳокима шуд.

Директори генералии КМОТ Эркин Латипов зимни муаррифии Нақшаи стратегӣ қайд намуд, ки Нақшаи стратегии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2021-2024 афзалиятҳо, вазифа ва равандҳои асосии рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар ва роҳҳои расидан ба натиҷаҳои назаррасро муайян мекунад. Нақшаи стратегӣ вазъи кунунӣ, ҳадафҳо, нишондиҳандаҳои асосӣ ва самтҳои рушдро дар кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат инъикос мекунад, ки имкон медиҳад, ба мушкилоти муосир саривақт расидагӣ кунем.

Нақшаи стратегии КМОТ барои давраи солҳои 2021-2024 панҷ самти афзалиятнокро дар бар мегирад:

1. Дастгирии варзишгарон ва варзиши сатҳи баланд
Фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои беҳтар барои варзишгарон бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар мусобиқоти қитъавӣ ва ҷаҳон, инчунин муҳайё кардани заминаҳои пешрафти бомуваффақият дар Бозиҳои олимпии Париж-2024.

2. Таълимот ва арзишҳои олимпӣ
Ҷорӣ намудани ғояҳо ва принсипҳои олимпӣ дар ҷомеаи варзишӣ, хусусан миёни ҷавонон.

3. Тақвияти ҳамкорӣ ва маркетинг
Ҷалби сармоягузории иловагӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо ҷонибҳои манфиатдор барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ.

4. Такмили иқтидори федератсияҳои миллӣ ва вазифаҳои аъзои КМОТ
Касбият ва идоракунии босамари варзиш натиҷаҳои баланди варзиширо барои ноил шудан ба мавқеъҳои устувор дар қитъаи Осиё таъмин мекунад.

5. Рушди сохтори мудирият ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ
Беҳтар ба роҳ мондани раванди қабули қарорҳо, баланд бардоштани сифат ва истифодаи алоқаи рақамӣ дар ҷомеаи варзиш.

Дар асоси Нақшаи стратегии КМОТ адолат; эҳтиром; шаффофият; камолот ва ҳамбастагӣ ҳамчун арзишҳо эътироф шуда, дастгирии баробарии гендерӣ ва иштироки фаъолонаи мардон ва занон дар варзиш дар ҳама сатҳҳо, таъмини бозии одилона ва мудирияти босамар принсипҳои асосии кори КМОТ хоҳад буд.

Ҳадафҳои дарозмуддати КМОТ тибқи Нақшаи стратегӣ аз таблиғи арзишҳои олимпӣ дар ҷомеаи варзишӣ ва дастгирии аъзои КМОТ дар талошҳои онҳо ҷиҳати рушд ва мудирияти ташкилотҳои миллии худ тавассути принсипҳои мудирияти босамар; баланд бардоштани огоҳӣ ва таблиғ кардани ҳаракати олимпӣ тавассути воситаҳои маъмул ва муосири алоқа; таъмини имкониятҳо барои варзишгарон ҷиҳати такмили салоҳиятҳо дар марҳилаҳои гуногуни карйераи варзишӣ ва фаъолияти бомуваффақият пас аз ҷамъбасти карйераи варзишӣ; баланд бардоштани салоҳияти касбии федератсияҳои миллӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва қоидаҳои танзимкунандаи фаъолият, тайёр кардани кадрҳои маъмурӣ ва мудирият дар сатҳи олӣ; вусъат ва таҳкими ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ, таҳия ва пешбурди дороиҳои моликияти зеҳнӣ дар байни шарикони эҳтимолӣ ва сарпарастон иборат мебошад.

Аъзои Кумитаи иҷроия лоиҳаи Нақшаи стратегиро маъқул шуморида, барои тасдиқ ба ҷаласаи навбатии Ассамблеяи генералии КМОТ пешниҳод намуданд.